Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати соҳаи кишоварзӣ аз шаҳри Кӯлоб боздид намуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиносоӣ бо ҳолати соҳаи кишоварзии ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо як гурӯҳ роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат аз шаҳри Кӯлоб боздид намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Дар ин сафар меҳмононро муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ҳамроҳӣ намуданд.
Сараввал меҳмонон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода аз Маҷмааи илмию истеҳсолии Кӯлоб «Ҳамадонӣ», хоҷагии парандапарварии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ ва хоҷагии ёрирасони ҶДММ «Тоҳир»-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб дидан намуданд. Маҷмааи илмию истеҳсолии Кӯлоб «Ҳамадонӣ» дар масоҳати 3 гектар замини корами обӣ доман паҳн намуда, дар он 6 нафар саҳмдорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадами соҳа ҳамасола даҳҳо номгӯй маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол менамоянд.
Аҳли заҳмат дар майдони 2 гектар токзор (ангурбоғ) ташкил карда, дар он ба парвариши навъҳои серҳосилу босифати ангур машғуланд.
Инчунин кишоварзони ҷамоати мазкур дар масоҳати як гектар 10 адад гармхона бунёд намуда, дар онҳо ба парвариши лимӯ, сабзавоти барвақтӣ, картошка, сирпиёз, кабудӣ, қулфинай ва ғайра шуғл доранд. Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти номбурда хоҷагии деҳқонии парандапарварӣ бо роҳбарии Баҳром Маҷидов имсол ба фаъолият оғоз намуда, дар он 2 ҳазор сар мурғи гӯштӣ парвариш карда мешавад.
Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб хоҷагии ёрирасони ҶДММ «Тоҳир» ду сол боз фаъолият намуда, дар он 76 сар чорвои калон, 70 сар харгӯш, 20 сар ғоз, 80 сар мурғи марҷон, 70 сар мурғобӣ, 100 сар дигар навъҳои мурғҳои зотӣ парвариш ёфта истодааст. Инчунин барои ба роҳ мондани истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ дар майдони 0,10 га гармхонаи намунавӣ ташкил карда шудааст. Дар майдони 0,20 гектар ҳавз барои парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳудуди корхона барои забҳи чорво тибқи талаботи санитарию гигиенӣ нуқтаи махсус ташкил гардидааст.
Саҳмдорону хоҷагидорони ҷамоатҳои мазкур кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо истифода аз захираву имконияти мавҷуда дар истеҳсоли зироати кишоварзӣ ба ҳадафи ниҳоӣ ноил гардида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб












Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






