Муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд

Февраль 24, 2022 11:21

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре дар муроҷиати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, «бинобар аз ҷониби мақомоти Украина аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.»

«Дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 24, 2022 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид