Намояндаи доимии Тоҷикистон дар мулоқот бо муовинони Дабири кулли СММ иштирок намуд

Февраль 10, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат 9 феврал дар мулоқоти муштараки маҷозии намояндаҳои доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар СММ бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва сулҳофарин Розмари ДиКарло ва муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои зиддитеррористӣ Владимир Воронков иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот роҷеъ ба таъсири таҳаввулоти ахири Афғонистон ба Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

«Намояндаи доимии кишвар мавқеи Тоҷикистонро дар бораи вазъи кунунии амниятӣ, иқтисодӣ ва башардӯстонаи Афғонистон иброз дошта, аз таъсири он ба Тоҷикистон гуфт», — таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки «мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба толибон тағйир наёфтааст».

Ба зикри С. Муҳриддин, Тоҷикистон ҷонибдори зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки тамоми қавмҳо мебошад. Толибон бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иҷрои уҳдадории худро  оид ба эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон воқеан нишон диҳанд.

«Мо интиқоли пайвастаи неруи барқро ​​ба вилоятҳои шимолии Афғонистон ва шаҳри Кобул идома медиҳем», — гуфт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон зерсохторҳои логистикии худ, аз ҷумла 6 пул дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барои интиқоли молҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Дар айни замон бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор барои мардуми Афғонистон кумакҳои башарӣ  таҳия  шуда истодаанд.

Ба гуфтаи вазир, Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти мизони афзояндаи чолишҳо ва таҳдидҳо ҷиҳати таъмини амният ва ҳифзи марзҳои ҷанубӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

«Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон 3 ҳазор оилаи афғон, дар маҷмӯъ ҳудуди 15 ҳазор гурезагон ба сар мебаранд. Дар мавриди боз кардани марзҳо барои қабули гурезаҳои афғон мо сараввал таъмини амнияти дохилии кишварамонро ба инобат мегирем. Дар давраи нооромӣ дар Афғонистони ҳамсоя Тоҷикистон қаламрави худро ба шарикони хориҷӣ барои фиристодани шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Афғонистон ба кишварҳои сеюм пешниҳод намуда буд», — иброз дошт С.Муҳриддин.

Ёдовар мешавем, ки пешниҳод дар бораи зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бори нахуст аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 августи соли 2021 дар Душанбе зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурейшӣ  садо дода  буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор доштанд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи  зудтар як  ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

 

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Февраль 10, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон барои солҳои 2027–2028» ба имзо расид
Президенти Туркманистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Теҳрон табодули таҷриба байни мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо раиси Гурӯҳи хадамоти ҳавопаймоии «Скай» мулоқот намуд
Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд