НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои зиёд намудани андозаи нафақаи ятимон 50 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 январи соли 2022 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба имзо расид, ки дар доираи он андозаи нафақаи ятимони кулл ва нимятимон то 25 фоиз зиёд мегардад.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода иттилоъ дод.
Ба гуфти мавсуф, ҳоло Агентӣ ҷиҳати иҷрои фармони мазкур корҳои омодагиро анҷом дода истодааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1239 парастор ва 1653 нафар кӯдакони ятим сабти ном шудаанд, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо дар як моҳ 232,9 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин 47 844 парастор ва 79 453 нафар кӯдакони нимятим бо ҳаҷми миёнаи нафақаи 151,75 сомонӣ номнавис шудаанд.
Сардори раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Вализода қаблан ба АМИТ «Ховар» гуфта буд, ки тибқи фармони мазкур, зиёда аз 90 ҳазор кӯдакони ноболиғ, яъне то 18-сола ба он фаро гирифта мешаванд. Яъне нафақаи категорияи мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ ба андозаи 51 сомониву 75 дирам зиёд карда мешавад. Дар маҷмӯъ, барои афзоиши навбатии нафақаи ятимон дар буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 50 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Дилмурод Давлатзода зикр намуд, ки теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 749 ҳазору 817 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 157 ҳазору 779 нафар нафақагирони маъюб мебошанд. Ҳамчунин мавсуф иттилоъ дод, ки барои пардохти нафақаи нафақагирони маъюб дар як моҳ 51,9 млн сомонӣ пардохт карда мешавад, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо 328,9 сомониро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии маъюбон 16 891 нафарро маъюбони гурӯҳи якум, 75 640 нафарро маъюбони гурӯҳи дуюм ва 33 445 нафарро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбон аз овони кӯдакӣ то 18-сола дар ҷумҳурӣ 31 803 нафарро ташкил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






