НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Эълони Солҳои рушди саноат ба иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок замина мегузорад
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 барои мо, кормандони соҳаи геология имконият фароҳам овард, ки дар иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок бештар заҳмат кашем, зеро мавриди истифода қарор додани имконоту захираҳои дохилӣ ба рушди соҳаи саноат замина мегузорад. Ҳамзамон бо ин корхонаҳои саноатии мамлакат аз вобастагӣ ба воридоти ашёи хом пурра раҳоӣ ёфта, шароиту имконияти содиротӣ фароҳам оварда мешавад. Ин матлабро Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз кард.
Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки дастоварди назарраси соҳа дар соли сипаригардида — ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» мебошад.
«Вазифаҳои асосии барномаи мазкур,–гуфт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода,- ин муайян намудани самти асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ буда, иҷрои масъалаҳои геологӣ дар доираи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030 пешбинӣ шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин имконот бояд тадбир андешем».
Зикр карда шуд, ки соли 2021 аз рӯи лоиҳаи “Кадастри давлатии об” мушоҳидаи реҷавӣ дар 64 обанбори шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияҳои Файзобод, Данғара, Темурмалик ва Восеъ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 100 обанбор гузаронида шуда, 30 маҳак барои гузаронидани ташхиси химиявӣ гирифта шуд.
Ҳамзамон мутобиқи лоиҳаи “Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва иҷтимоӣ” дар ҳудуди деҳаи Шӯроби Искандари шаҳри Ҳисор як пармачоҳ дар жарфи 100 метр, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ дар мавзеи обанбори оби нӯшокии ноҳия як пармачоҳ бо ҳаҷми 70,0 м ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -110 м парма карда шуданд.
«Дар давраи ҳисоботӣ 25 пармачоҳи об дар ҳудуди вилояти Суғд тариқи шартнома ба истифода дода шуд. Ҳаҷми корҳо ба 2058 м.т баробар буда, аз ин миқдор 1555 м.т бо тарзи пармакунии роторӣ ва 503 м.т бо усули зарбазании танобӣ иҷро гардид», — гуфт Сардори Саридораи геология.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






