НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳисор дар ду соли оянда ба шаҳри пешрафтаи саноатию сайёҳӣ табдил меёбад

Февраль 14, 2022 16:03

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи ду соли оянда симои шаҳри Ҳисор бо бунёди биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ ва дигар инфрасохтори хизматрасонии замонавӣ куллан тағйир дода мешавад. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.

Қосим Роҳбар иброз дошт, ки барои ба шаҳри муосири пешрафтаю саноатӣ ва сайёҳӣ табдил додани Ҳисори шодмон дар робита ба ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Ҳисор  таҳия гардида, бо инобати фикру пешниҳоди сокинон дурнамои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр муайян  карда мешавад.

Ҳамзамон Қосим Роҳбар афзуд, ки соли гузашта сокинони шаҳри Ҳисор ҷашни бузург — 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастоварду комёбиҳо ҷамъбаст намуданд ва 874 иншооти дорои таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар соли сипаришуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти  минтақавӣ  дар шаҳр беш аз 3,2 миллиард  сомониро ташкил намуд, ки суръати рушди он ба 109,8 фоиз  баробар гардидааст.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Февраль 14, 2022 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»