НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Порсол дар Тоҷикистон беш аз 300 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд

Февраль 2, 2022 15:09

ДУШАНБЕ, 02.02.2022/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли гузашта  новобаста ба пандемия беш аз сесад корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо зиёда аз панҷ ҳазору сад нафар  сокинони кишвар бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Аз  ҳама бештар корхонаю коргоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон-вилояти Суғд- 124 адад, дар Хатлон- 86 адад, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ- 61 адад, шаҳри Душанбе- 26 адад ва дар Бадахшон 12 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Ин маълумотро Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир  имрӯз дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба таваҷҷуҳи намояндагони расонаҳои хабарӣ дар Душанбе  расонида, илова намуд, ки аз сесаду нуҳ корхонаю коргоҳе, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба истифода дода шуданд, 90 ададашон дар соҳаи саноати сабук, 82 корхона дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, 76 корхонаву коргоҳ дар соҳаи масолеҳи сохтмон,  42 корхонаю коргоҳ дар соҳаи мошинсозӣ ва чор корхона дар саноати ангишт фаъолият мебаранд.

Мавриди зикр аст, ки теъдоди корхонаю коргоҳҳое, ки соли гузашта бунёд гардидаанд, дар қиёс ба  як соли пеш  41 адад ва ҷойҳои корӣ  беш аз 1400 ҷой зиёд аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат моҳи декабри соли гузашта солҳои 2022-2026-ро  Солҳои рушди саноат дар Тоҷикистон эълон намуданд. Дар иртибот ба ин, Вазири  саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иброз намуд, ки эълон  гардидани Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назди  саноатчиёни кишвар дар  самти  руши саноати мамлакат, ки яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, масъулияти бузург  мегузорад.

    АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2022 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ