ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма дар назар аст
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Душанбе–Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ—Ҷелондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 28-33 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, то рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






