ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон тормеғ мефарояд

Февраль 8, 2022 08:08

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8-12 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ фаромадани  тормеғ (туман) боқӣ мемонад. 8-10 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ—Ҷелондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, шабона бебориш, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида баъзан барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ бориши сусти борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан бориши сусти барф ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм, рӯзона 7+12  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои қисман абрнок, асосан бебориш  дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона  0+4 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои абрнок, дар водиҳо асосан бебориш шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, шабона асосан бебориш дар назар буда, рӯзона дар нимаи рӯз бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2  дараҷа хунук, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2022 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд