ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 6-7 феврал дар Тоҷикистон вазъи номусоиди ҳаво дар назар аст

Февраль 5, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6-7 феврал дар ҷумҳурӣ якбора вазъи ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф ба амал меояд. 6 феврал ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ноҳияҳои водигӣ то 8-10 дараҷа паст мешавад. 5-6 феврал дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония меафзояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6-8 феврал дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Инчунин дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ-Ҷилондӣ яхбандӣ ва фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат ҳушдор медиҳад, ки дар натиҷаи боридани барф ва шамол ба симу дарахтон часпидани барф ва дар роҳҳои кӯҳӣ тӯдашавии барф дар назар аст.

Кумита ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чарогоҳ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳангоми истифодаи гармкунакҳо қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намоянд.

Инчунин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми гарм кардани хона қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунанд.

Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки дар навбати аввал аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати нақлиёт маълумоти пурра ва боэътимодро дар бораи ҳолати роҳ ҷамъоварӣ намуда, сипас ба сафар намоянд.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки дар шароити бориши барфу яхбандӣ нақлиётро бо воситаҳои барои чунин шароит зарурӣ таъмин намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ масофаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Ҳангоми дар кӯчаҳо ҳаракат кардан ҳам хеле боэҳтиёт будан зарур аст, зеро ҳолати шикастани дарахтон ва кандани хатҳои баландшиддати барқ дар назар аст.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 5, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд