«ҶОМИ РУШД-2022». Бозии сеюми футболбозони навраси тоҷик бо дастаи «Динамо-Минск» мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозии сеюми дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2022», ки дар шаҳри Мински Беларус идома дорад, бо дастаи «Динамо-Минск» доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом ёфт, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин бозии ҷолиб голҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Масрур Ғафуров ба ҳадаф расонид. Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз пеш дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалинашро бо дастаи мунтахаби наврасони Молдова бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима дода буд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон як голро Масрур Ғафуров ба нишон расонида, як голи дигарро молдовиҳо ба дарвозаи худ заданд.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Минск даҳ даста ширкат мекунанд, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби наврасони «Беларус», «Қирғизистон», «Молдова» ва «Динамо-Минск» миёни ҳам рақобат мекунад. Дар гурӯҳи «Б» дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи «Беларус», «Узбекистон», «Гурҷистон», «Исроил» ва «Минск» байни ҳам мубориза мебаранд.
Дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давр миёни ҳам бозӣ мекунанд. Баъдан ғолибони гурӯҳҳо дар даври ниҳоӣ барои Ҷоми чемпионӣ ва дастаҳое, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош меварзанд. Дастаҳои боқимонда бо дарназардошти ҷойҳои ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо дар бозиҳои плей-офф ширкат хоҳанд кард.
АКС: ФФТ








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






