ҚОНУН – ДАР МАДДИ АВВАЛ. Нисбат ба 630 нафар шахсони масъул барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат ҷарима таъйин карда шуд

Февраль 9, 2022 12:48

ДУШАНБЕ, 09.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаришуда  барои  содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба 630 нафар корфармо ва дигар шахсони масъул  797,1 ҳазор сомонӣ  ҷарима таъйин шуда, 714,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет пардохт гардида, 82,5 ҳазор сомонӣ дар марҳилаи иҷро қарор дорад.

Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин зикр гардид, ки  соли 2021 вазъи риояи  қонунгузории соҳа дар фаъолияти 2588 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор гирифт, ки дар натиҷа 11809  қонунвайронкунӣ ошкор гардид.

Аз теъдоди номбаршуда  6896  ҳолати  қонунвайронкунӣ ба ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ва 4913 адад ба ташкилоту муассисаҳои давлатӣ марбут аст. Дар натиҷа 64 млн. 582,1 ҳазор сомонӣ  ба буҷети давлат ва ба фоидаи шаҳрвандон рўёнида шуд.

Иттилоъ дода шуд,  ки ба ҳолати 1 январи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 30936 адад корхона, муассиса ва ташкилот, новобаста аз шакли моликият фаъол доранд. Аз ин шумора  20 ҳазор корхона ҳуқуқи ба имзо расонидани шартномаи коллективиро доранд, ки аз ин 87 фоиз бо шартнома ва созишнома фаро гирифта шудаанд.

 

АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Февраль 9, 2022 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд