Парлумони Тоҷикистон воридоти молҳоро бидуни боҷи воридотӣ маъқул донист

Февраль 10, 2022 13:16

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи буҷети соли 2022”-ро қабул карданд. Бо дарназардошти ин тағйирот воридоти имтиёзноки баъзе ашёи зарурӣ барои таъмини захираҳои давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 

Муовини Вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода гуфт, ки ҳангоми ба кишвар ворид намудани маҳсулоти ғизоӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин боҷ, андоз аз арзиши изофа ва аксиз ситонида намешаванд. 

Вай таъкид кард, ки чунин созишномаи консессионӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 2022 қабул шудааст.

Ба гуфтаи муовини вазир, миқдор ва номгӯи молҳоеро, ки боҷ, андоз ва аксиз ситонида намешаванд, ҳукумат тасдиқ мекунад. Маҳсулоти бо шартҳои имтиёзнок воридшуда барои эҷоди захираҳои давлатӣ истифода мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2022 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид