Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик»-ро дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ намуданд

Февраль 9, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» дар соҳили «Баҳри тоҷик» соли 1991 таъсис ёфта, бо гузашти сӣ сол ба таҷдиду навсозӣ ниёз пайдо намуда буд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар оғози соли 2021 корҳои таҷдиду навсозӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» шурӯъ гардида, бо сарфи 15 миллион сомонӣ дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳангро тамошо намуданд.

Қобили зикр аст, ки номи Темурмалик ҳамчун қаҳрамони халқи тоҷик дар саҳифаи таърих абадан сабт шудааст.

Солҳои 1219-1220 ҳангоми ҳуҷуми аҷнабиён Темурмалик бо корнамоиҳои бузург барои мудофиаи диёри худ ҷасорату шуҷоат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додааст, ки ин ҳама дар барномаи театрикунонидашуда нишон дода шуд. Дар девораи навбунёди шафати муҷассама корномаҳои таърихии Темурмалик наққошӣ гардидаанд, ки ин дар ниҳоди ҷавонону наврасон ҳисси худшиносиро бедор мекунанд.

Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» дар масоҳати 3,2 гектар доман паҳн намуда, баъди навсозӣ шудан шароити истироҳату фароғатро барои сокинону меҳмонони шаҳри Гулистон фароҳам овардааст. Дар доираи корҳои созандагӣ дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ корҳои сабзкорӣ анҷом ёфта, роҳравҳои боғ дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаанд. Ҳамчунин нишастгоҳҳои наву замонавӣ насб гардида, суҳбаткадаҳо бунёд гардидаанд.

Тибқи лоиҳа дар ҳудуди боғ муҷассамаи Темурмалик гузошта шуда, муҷассамаи «Хотира», ки қаблан бунёд ёфта буд, таъмиру навсозӣ гардид. Бунёди се фаввора, як шаршара дар ҳудуди боғ ва ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон ба ин мавзеъ ҳусни хоса зам мекунад. Барои равшанкунӣ дар ҳудуди боғ 120 сутунпояи равшанидиҳанда насб гардида, обёрии иншоот пурра таъмин карда шудааст.

Барои ҳаракати бемонеаи воситаҳои нақлиёт бештар аз 2 километр роҳи мошингарди ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ пурра мумфарш карда шуда, таваққуфгоҳи нақлиётӣ низ ташкил гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозии боғҳои фарҳангӣ-фароғатиро дар мамлакат барои фароҳам овардани шароити арзандаи фароғати сокинон ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди хурду бузург маънидод намуданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат ба хотири қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат номи боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои махсус ба номи фарзонафарзандони миллати тоҷик гузошта шуда, бо ин васила номи неку кори некашон ҷовидона нигоҳ дошта мешавад. Номгузории боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Гулистон ба номи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик тасдиқи гуфтаҳои болост.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар мамлакат 96 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 22-тои он дар вилояти Суғд мебошанд. Қобили зикр аст, ки танҳо давоми даҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари навсозии боғҳои фарғангӣ-фароғатӣ даҳҳо боғҳои нав бунёд гардиданд.

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон аттраксионҳои наву замонавӣ насб гардида, воситаҳои дилхушии наврасону кӯдакон, ба монанди автомобилҳои барқӣ дастрас карда шудааст.

Гулистон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ дар соҳили «Баҳри тоҷик» имконияти зиёд дорад. Дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ соҳили баҳр навсозӣ карда шуда, барои машқу тамрин ва ба ин васила ҳар чӣ бештар ҷалб намудани мардум ба варзиш шароит муҳайё карда шудааст.

Дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик» бо умеди сарзабзии диёр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахтони ҳамешасабзу нодир шинониданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои сабзу хуррам намудани боғи мазкур бештар аз 300 бех дарахтони ороишӣ ва зиёда аз 118 ҳазор дона гулҳои рангоранг шинонида шудаанд. Ҳамзамон дар ҳудуди боғ дигар иншооти ёрирасон бунёд гардида, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ анҷом додаанд.

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ-фароғатии «Темурмалик» дар шаҳри Гулистон 09.02.2022

Февраль 9, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд