Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини ҶДММ «Ганҷофар»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ганҷофар»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи коркарди фулузот ва истеҳсоли профилу қубурҳои оҳанин бо мақсади тақвияти раванди саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар доираи Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз бунёди корхонаи нави саноатӣ истифодаи босамари имконияти худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад.
Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амирҷон Самадов дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар бунёд карда шудааст. Бинои истеҳсолии корхона барҳаво буда, 4 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Бо таъсиси ин корхона дар шаҳри Бӯстон 20 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, онро мутахассисони ҷавони тоҷик васлу насб намуда, идора менамоянд.
Маҳсулоти хом ба корхона аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, раванди коркарди металл тавассути се хати муосири технологӣ ба роҳ монда шудааст. Дар корхонаи навбунёд асосан 28 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла профил ва қубурҳои оҳанин бо шаклу андозаҳои гуногун мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мегарданд.
Бояд гуфт, ки профилҳои оҳанин аз 2 ба 2 то 10 ба 10 сантиметр бо дарозии 6 метр ва қубурҳои оҳанин бо қутрҳои аз 15 то 150 ва бо дарозии 11 метру 75 сантиметр истеҳсол карда мешаванд, ки истифодаи онҳо барои солҳои тӯлонӣ пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи нави саноатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои истеҳсоли босифати профил ва қубурҳои оҳанин, ки ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ дар мамлакат талабот ба он зиёд аст, вазифадор карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






