Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонро ифтитоҳ намуданд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ давоми як сол истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯи талаботи замон иншооти мазкур дар масоҳати умумии 1122 метри мураббаъ бо тарҳу намуди муосир бунёд гардид.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷои нишаст, китобхона ва дигар хуҷраҳои ёрирасон аст.
Дар иншооти навбунёд барои фаъолияти кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон утоқҳои корӣ бо компютер ва дастгоҳҳои тақвияти овоз муҷаҳҳаз карда шудаанд.
Роҳбари муаззами Ҳизб аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандустӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






