Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи мебелбарории ҶДММ «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи мебелбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026) аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ 30 нафар, аз ҷумла бонувони маҳаллӣ бо шароити хуби кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.
Масоҳати умумии иншооти нави саноатӣ 1,5 гектарро дар бар гирифта, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтаанд.
Дар корхона намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон бо сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.
Дастгоҳу таҷҳизоти васлгардида дар корхонаи мазкур аз давлатҳои Чин ва Туркия ворид гардида, онро мутахассисони маҳаллӣ идора мекунанд.
Ашёи хом барои истеҳсоли мебел, аз ҷумла ДСП, МДФ, ЛДСП ва ФАРНИТУРА аз Федератсияи Русия ва Туркия дастрас гардида, дар асоси фармоиш ва завқу салиқаи мизоҷон бо шаклу андоза ва дизайни муосир маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот омода карда мешавад.
Корхона имкон дорад, ки бо истифода аз муосиртарин дастгоҳҳо дар раванди истеҳсоли мебел дар як моҳ 1000 метри мураббаъ ЛДСП ва МДФ-ро коркард намояд.
Истеҳсолоти корхона дар марҳилаи аввал ба таъмини бозори дохилӣ равона гардида, масъулон дар асоси дастуру маслиҳатҳои Сарвари давлат иқдом гирифтаанд, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






