Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба 80 нафар ятими кулл дар шаҳри Гулистон туҳфаҳо тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик»-и шаҳри Гулистон дар тарабхонаи наву замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фарҳодҷон Шукуров бунёд гардидааст, бо 80 нафар ятимони кулл, ки сокинони шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт мебошанд, мулоқот намуданд.
Чун анъана Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад.
Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд. Ба 80 нафар ятимони кулл туҳфаҳои молию пулии Сарвари давлат тақдим карда шуд.
Наврасону ҷавонон бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта изҳор доштанд, ки ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакатро ҳамеша эҳсос мекунанд. Барои тарбия ва ба камол расиданашон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда барои хизмат ба халқу ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






