Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Февраль 14, 2022 17:15

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон муҳтарам Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон самимона табрик ва таҳният мегӯям.

Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон то имрӯз ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои нави созанда пайдо кардаанд.

Таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунарсаи судманд бо Олмон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва мо ба рушди пайвастаи онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки ба роҳ мондани мулоқоту тамосҳои сатҳи олии ду ҷониб ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани равобити неки кишварҳоямон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.

Ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳарчӣ бештари ин муносибатҳо саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу дар масири иҷрои вазифаҳои пурмасъулият пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Олмон – сулҳу амонӣ ва пешрафту саодат орзумандам».

Февраль 14, 2022 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон