Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Матарелла барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Матарелла барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Италия табрику муборакбод мегӯям.
Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар пешбурди ваколатҳои пурмасъулиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Италия сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш орзумандам.
Мо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Италия изҳори қаноатмандӣ менамоем ва алоқаманди густаришу тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.
Зимнан омодаем, ки ҷиҳати пешбурди минбаъдаи ин раванд дар сатҳҳои мухталиф, бахусус олӣ ва баланд кӯшишҳои пайвастаи муштарак ба харҷ диҳем.
Итминон дорам, ки робитаҳои шарикии созандаи миёни кишварҳои мо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ҳар ду ҷониб дар оянда низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






