ПУТИН ДАР БОРАИ ЭЪТИРОФИ ҶМД ВА ҶМЛ ФАРМОН БА ИМЗО РАСОНИД. Ӯ ба низомиёни Русия супориш дод, ки дар ин ҷумҳуриҳо сулҳро таъмин намоянд

Февраль 22, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 21 феврал, Президенти Русия Владимир Путин дар бораи ба расмият шинохтани Ҷумҳурии Мардумии Донетск (ҶМД) ва Ҷумҳурии Мардумии Луганск (ҶМЛ) фармонҳо ба имзо расонид. Фармонҳо дар сомонаи иттилооти ҳуқуқии Русия нашр шудаанд.

Аз фармонҳои Путин бармеояд, ки низомиёни Русия бояд дар қаламрави ҶМД ва ҶМЛ сулҳро таъмин кунанд. Низомиён ин вазифаҳоро то бастани шартномаҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ ба иҷро мерасонанд.

«Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия то бастани шартномаи дар банди 3-юми ҳамин фармон зикргардида бояд вазифаи нигоҳ доштани сулҳро дар қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Донетск аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия таъмин намояд», — гуфта мешавад дар фармон дар бораи эътирофи ҶМД. Ин гуфтаҳо дар фармон дар бораи эътирофи ҶМЛ низ мавҷуд мебошанд.

Дар ин фармонҳо дар баробари эътирофи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти ҷумҳуриҳо ҳамчунин ба Вазорати корҳои хориҷии Русия супориш дода шудааст, ки бо «ҷониби Донетск» ва «ҷониби Луганск» доир ба барқарор намудани равобити дипломатӣ гуфтушунид намояд.

Инчунин ба Вазорати корҳои хориҷии Русия супориш дода шудааст, ки бо иштироки мақомоти манфиатдори иҷроия оид ба таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ҶМД ва ҶМЛ гуфтушунид анҷом диҳад.

Қабл аз ин шаби гузашта Владимир Путин ба шаҳрвандони Русия муроҷиат намуда, зимни он изҳор дошт, ки вазъ дар Донбасс хусусияти хатарнок ва тезу тунд гирифтааст. Вай инчунин Украинаро «мустамлика бо низоми лӯхтакмонанд» номида, мақомотро дар фишороварӣ ба аҳолии русу русзабон ва ҷазодиҳии шаҳрвандон айбдор намуд.

«Ман зарур медонам, ки инак тасмими кайҳо гирифта — эътирофи фаврии истиқлол ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Мардумии Донетск ва Ҷумҳурии Мардумии Луганск қабул карда шавад», — хулоса кард Путин.

Ҳуҷҷатҳоро ҳамчунин роҳбарони ҷумҳуриҳо Денис Пушилин ва Леонид Пасечник имзо карданд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 22, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид