Роҳбари Роспотребнадзор хостори таъсиси «сипари умумии санитарӣ» бо кишварҳои ИДМ шуд

Февраль 3, 2022 11:44

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Сипари санитарӣ» мебояд бо кишварҳои ИДМ ба таври муштарак бошад, зеро фазо ва  тадбирҳои  мубориза бо сироятҳо умумӣ мебошанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз Раиси «Роспотребнадзор» Анна Попова дар мусоҳиба бо РИА «Новости» изҳори назар намудааст.

«Фазо умумӣ аст ва тадбирҳоямон низ муштарак мебошанд. Албатта, «сипар» имрӯз бояд умумибашарӣ бошад. Мо аз Президенти Федератсияи Русия дастур гирифтем, ки бо ҳамтоёнамон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ намоем, то ба онҳо дар барқарор кардани пойгоҳи собиқ, вале гумшудаи тадқиқотӣ оид ба кор бо микроорганизмҳои дараҷаи хатарнокиашон баланд кумак расонем»,-гуфт Попова.

Ӯ зикр намуд, ки сатҳи хеле баланди иртибот ва муҳоҷират миёни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз он дарак медиҳад, ки фазои эпидемиявӣ як аст ва бояд дар мубориза бо сироятҳо равишҳои муштарак вуҷуд дошта бошанд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, охири соли сипаригардида Анна Попова бо сафари корӣ ба Точикистон омад. Попова 17 декабри соли 2021 дар Душанбе бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода мулоқот намуда буд.

Зимни ин вохӯриҳо ба роҳандозии ҳамкории судманд миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таваҷҷуҳ зоҳир гардида, оид ба таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федеролии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия андешаҳои судманд иброз гардиданд.

АКС: РИА «Новости/АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2022 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд