Русия шумораи парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Февраль 26, 2022 14:33

ДУШАНБЕ, 26.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Русия аз 14-уми март шумори парвозҳои мунтазам ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро афзоиш медиҳад, навиштааст имрӯз агентии иттилоотии  Sputnik бо истинод ба  Ситоди федеролии ФР оид ба муқобила бо коронавирус.   

Тибқи гузориш, муовини  Сарвазири ФР Татяна Голикова аз номи Михаил Мишустин ҷаласаи ситоди фавриро  оид ба ҷилавгирӣ аз ворид ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Русия баргузор кардааст.

«Тасмим гирифта шуд, ки аз 14 март шумораи парвозҳои мунтазам бо кишварҳои зерин ба таври мутақобила зиёд карда шавад», — гуфта мешавад дар изҳорот.

Ба феҳристи кишварҳое, ки теъдоди парвозҳо ба онҳо афзоиш хоҳад ёфт,  Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Ветнам, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдив, Муғулистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон  ва Ӯзбекистон шомил шудаанд.

Ҳамчунин парвозҳо ба Ҳиндустон, Сербия ва Таиланд низ афзоиш ёфт.

Илова бар ин, аз 14 март ситоди оперативӣ парвозҳоро бо Чин ва Индонезия барқарор мекунад.

Пекин, Гуанчжоу ва Шанхай дар ҳар як самт ҳафтае як парвоз ва дар як ҳафта се парвоз ба Бали оғоз мекунанд.

                                                      АКС: depositphotos/ak12m@hotmail.com

Февраль 26, 2022 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»