САДОҚАТ БА ВАТАН-САДОҚАТ БА МОДАР. Шуҷоату мардонагӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳифзи меҳани аҷдодиро маҳз модарон меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нақши занону бонувон дар баробари бунёди оилаи хушбахт ва ба воя расонидани фарзандони баору номус, инчунин дар тарбияи афсарону сарбозони шуҷоъ ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Ин матлабро дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Саодатбибӣ СИРОҶЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.
Ба андешаи Саодатбибӣ Сироҷзода, вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок ҳар яки мо, аз ҷумла бонувону занонро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлоли давлатиро аз даст надиҳем. Зеро ин зуҳуроти хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.
Таърих гувоҳ аст, ки бонувону модарони тоҷик дар қатори мардон ва дар баъзе ҳолатҳо ҷойгузини онҳо шуда, анъанаҳои ҳарбию ватандӯстии халқамонро сарбаландона идома дода, марзу буми Ватанро ҳимоя кардаанд. Корнамоиву далерии занони тоҷик дар замони сангини Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) ҳам дар ҷабҳа ва ҳам дар ақибгоҳ шоистаи ситоишу таҳсин аст.
Имрӯз низ занони тоҷик роҳи пуршарафу боифтихори Рухшонаю Гурдофарид ва Таҳминаро идома дода, дар ҷузъу томҳои низомии мамлакат ва мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти пурсамар доранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан 1219 нафар занон ба ҳайси хизматчиёни ҳарбӣ, давлатӣ ва техникӣ фаъолият мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз садоқат ва иштироки фаъолонаи занҳо дар чорабиниҳои муҳими сиёсию низомӣ борҳо изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Аз ҷумла, Сарвари давлат зимни суханронии хеш бахшида ба 25-солагии таъсиси Гвардияи миллӣ чунин иброз намуданд: “Имрӯз дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар садҳо нафар, аз ҷумла дар Гвардияи миллӣ қариб 100 нафар бонувон ба иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ машғуланд, ки 34 нафари онҳо вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд. Фаъолияти онҳо дар самти корҳои тарбиявӣ, коргузорӣ, кор бо кадрҳо, хизматрасонии тиббӣ, алоқа ва хадамоти ақибгоҳ хеле назаррас мебошад. Дар паради имрӯзаи идона бонувон-хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ иштирок мекунанд, ки ин нишонаи возеҳи садоқат ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад”.
Саодатбибӣ Сироҷзода мегӯяд, ки давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ шуданд.


Мояи ифтихор аст, ки бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустин зан- Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода бо рутбаи баланди “генерал-майори милитсия” мушарраф гардид. Ин дар баробари ифтихор масъулияти бонувони тоҷикро зиёд мекунад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки зиёд шудани шумораи занҳо дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба рӯҳбаландӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳаи пурифтихор мусоидат мекунад. Зеро занону модарон дар ин самт таҷрибаи калон доранд. Онҳо аз овони кӯдакӣ бо меҳру муҳаббати беандоза ба фарзандон шуҷоату мардонагӣ меомӯзанд. Дар дили онҳо дӯст доштани Ватан-Модар ва ҳифз кардани меҳани аҷдодиро мепарваранд. Ватан низ монанди Модар аз фарзанди худ танҳо дӯстдорӣ, ҳимоят, муҳофизат, садоқат ва хидмат талаб мекунад.
«Имрӯз бонувону занони тоҷик дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд ва бе муҳобот дар тарбияи афсарону сарбозони шуҷою далер низ ба комёбиҳо ноил мегарданд.
Албатта, барои зан хизмат кардан дар сафи артиш осон набуда, он душворию махсусияти хешро дорад. Вале новобаста аз ин, боварӣ дорем, ки занону бонувони тоҷик аз уҳдаи ин кори мушкил ва пурифтихор сарбаландона мебароянд ва бо қувваю неруи дучанд баҳри баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Артиши миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд»,-гуфт дар анҷоми суҳбат Саодатбибӣ Сироҷзода.
Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






