Санъат Раҳим: Дар Солҳои рушди саноат истеҳсолот бояд ду маротиба афзоиш ёбад
ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022–2026-ро Солҳои рушди саноат эълон доштанд. Ин маънои онро дорад, ки дар ин муддат истеҳсолот бояд ду маротиба афзоиш ёбад, аз ин рӯ месазад, ки ба корхонаҳои истеҳсолӣ мутахассисони соҳаи саноат ҷалб карда шаванд. Мо кӯшиш мекунем, ки чунин мутахассисонро омода намоем»,- чунин ибрози назар намуд сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Мавсуф афзуд, ки дар соҳаи саноат мутахассисони баландихтисос фаъолият доранд, аммо ба ҷуз иқтисодиёту истеҳсолот бояд ба корҳои бехатарии саноатӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Аз ин рӯ мутахассисони соҳаи саноат тайёр карда, онҳоро дар корхонаҳои саноатӣ бо кор таъмин намудан зарур мебошад.
Ҳамзамон дар нишаст оид ба фаъолияти Хадамот маълумоти муфассал дода шуда, зикр шуд, ки дар корхонаву иншооти зериназоратии хадамот соли 2021 ҳамагӣ 39 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 24 нафар ҳалок ва 45 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар корхонаҳои зериназоратии хадамот соли 2021 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2020 8 адад зиёд гардида, шумораи шахсони фавтида ба 16 нафар расида, шумораи шахсони ҷароҳатбардошта 12 нафар зиёд гардидааст.
Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохушро роҳбари Хадамот ба бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноатӣ зимни кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, риоя накардани технологияи коркарди кон, ҳамчунин нарасидани мутахассисони соҳавӣ рабт дод.
Барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбат ба 5 нафар шахсони мансабдор ҷазои ҷавобгарии ҷиноӣ татбиқ карда шуда, инчунин нисбат ба 13 нафар шахси ҳуқуқӣ, 40 нафар шахси мансабдор ва 5 нафар шахси воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишотӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардид, яъне онҳо ҷарима баста шуданд. Маблағи умумии ҷаримабандӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш нисбат ба масъулин 2 643 000 сомониро ташкил дод.
АКСҲО: АМИТ “Ховар”








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






