Саридораи геология соли 2021 аз рӯи 22 лоиҳа корҳои минтақавӣ, гидрогеологӣ ва муҳандисию геологӣ анҷом дод

Февраль 19, 2022 10:11

ДУШАНБЕ, 19.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 фаъолияти худро тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуда, корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ аз рӯи 22 лоиҳа ба маблағи 5 млн 695 ҳазору 372 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳу ранга, қиматбаҳою нодир, сангҳои худҷилою ороишӣ, иҷрои корҳои минтақавӣ, гидрогеологӣ, муҳандисию геологӣ, геоэкологӣ ва мавзӯӣ ба анҷом расонид. Дар ин бора Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.

Ёдовар мешавем, ки соли сипаригардида бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» қабул гардид, ки он дастоварди назарраси соҳа маҳсуб мешавад. Вазифаҳои асосии барномаи мазкур- ин муайян намудани самти асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ буда, иҷрои масъалаҳои геологӣ дар доираи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030 пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои Сардори Саридораи геология, соли 2021 корҳои шартномавӣ аз рўи 230 лоиҳа ба маблағи 21 264 165 сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 22 612 сомонӣ ба иҷро расонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ 6 млн сомонӣ аз буҷети давлатӣ ҷудо шуда, Саридора ба маблағи 8 192 600 сомонӣ ба давлат андоз супорид, ки ин 137 фоизи маблағҳои ҷудошударо ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар самти корҳои гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ дар асоси дархостҳо дар 886 деҳа, маҳалла ва кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқот гузаронида шуданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2022 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»