Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бунёди боғи интенсивӣ дар «Боғи миллии Ваҳдат» иштирок намуданд

Февраль 9, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маросими бунёди боғи интенсивии зардолу ва ба истифода додани хати оби полезӣ дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» иштирок карданд.

Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хати оби полезиро, ки аз чуқурии 40 метр бароварда шуда, барои обёрии 20 гектар замин пешбинӣ гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иқдоми бунёди чоҳи амудӣ, ки аз 90 метр иборат аст, бо ташаббуси маъмурияти боғ амалӣ шуд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳолҳои зардолу ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.

Бунёди боғи интенсивии зардолу дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” бунёд гардид.

Дар ин қитъа ниҳоли зардолуҳои қадпасти аз Ҷумҳурии Туркия воридгардида аз рӯи меъёри 4 бар 3 шинонида шудааст.

Ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дар байни қаторҳои боғи навбунёд, инчунин кишти зироати барвақтӣ, аз ҷумла картошкаи зери плёнка ва сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Тибқи стандарти бунёди боғҳои анъанавӣ, дар масоҳати 5 гектар замин мувофиқи меъёри 8 ба 8 метр дар як гектар шинонидани 150 -156 бех ниҳол муқаррар карда шудааст. Аз рӯи меъёри 10 ба 10 метр  дар як гектар метавон 100 бех ниҳол шинонид, ки дар шароити феълӣ ин усули бунёди боғ камдаромад мебошад.

Дар ҳамин масоҳати 5 гектар замини ҳудуди Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди чор ҳазор ниҳоли зардолуи қадпаст шинонида мешавад, ки ин яке аз афзалияти бунёди боғҳои интенсивӣ мебошад. Зимнан ҳамин усул ба гирифтани маҳсулнокии баланд ва сифатнокии мева мусоидат мекунад.

Ҳамин аст, ки баъди тасмими ташкили чунин боғҳо дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар “Боғи миллии Ваҳдат” бештар аз 18 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд карда шудааст.

Бунёди боғи интенсивӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат” 09.02.2022

Февраль 9, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод кумакҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ дар водии Рашт супориш доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои маъмурии шуъбаи маориф ва пойгоҳи №1-и Муассисаи давлатии маркази шаҳрии «Ёрии таъҷилии тиббӣ»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Гардӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон