Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» хати оби полезиро ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчунин ба мавзеи Сомғор ташриф оварда, нахуст хати оби полезии Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.
Хати оби полезӣ бо насби ду муҳаррики нав бо иқтидори 1500 киловолт ва гардиши 750 аз масофаи 20 километр аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шуд.
Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд барои ба гардиш даровардани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзори интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Сипас, дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Нақшаи ҷойгиршавии токзори деҳоти “Дадабой Холматов” ва “Исмоил”-и ноҳияи Бобоҷон Ғавуров шинос шуда, дар Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо шинонидани ниҳоли ток ба бунёди 50 гектар токзори нав оғоз бахшиданд.
Бо оғози бунёди токзори нав 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар ҷараёни корҳои мавсимӣ дар саҳро иловатан 150 нафари дигар ҷалб карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷамоатҳои “Дадабой Холматов” ва “Исмоил”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2800 гектар токзор мавҷуд буда, соли равон дар асоси нақша 200 гектари он барқарор карда мешавад.
Ангурпарварони ду деҳот, ки аксарияти токзори ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ихтиёр доранд, танҳо соли 2021 зиёда аз 15 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд.
Бунёди токзори нав дар мавзеи Сомғор дар заминаи боғҳои кӯҳна, ки солҳои 1978 -1979 ташкил гардида буд, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир, аз ҷумла норасоии маводи ғизоӣ дар бархе аз кишварҳои дунё ҷиҳати истифодаи мақсадноку бомавриди заминҳои дар ихтиёрдошта ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми солонаи истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ба роҳбарияти корхона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






