Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки расман дар Русия кор мекунанд, ҳуқуқи нафақа гирифтан доранд

Февраль 7, 2022 15:53

ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламравии Федератсияи Русия расман ба фаъолият машғул мебошанд, бо шаҳрвандони ин кишвар баробар буда, ҳуқуқи нафақа гирифтан доранд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Даврон Вализода иттилоъ дод.

Даврон Вализода иброз намуд, ки лоиҳаи Шартнома миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа бо ҷониби Федератсии Русия мувофиқа шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» ба тавсиб расидааст.

Ба гуфтаи мавсуф, аз сабаби он ки қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор карда, баргашта омада, нафақаро дар кишвари худ мегирифтанд, ин ҳолат ба шартномаи болозикр каме мухолифат дошт ва ин вазъ ҳоло ҳалли худро ёфтааст.

«Миёни давлатҳои ИДМ аз соли 1999 созишномае буд, ки бар асоси он ҳар шаҳрванде, ки дар кишвари аъзои иттиҳод фаъолият мекунад, нафақаи ҳамон давлатро мегирад»,- гуфт Д. Вализода.

Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ва дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ баъди расидан ба синни нафақа метавонанд на танҳо дар ватани худ, балки дар Федератсияи Русия нафақа гиранд. Инчунин ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ҳам собиқаи корӣ дар Русия ва ҳам собиқаи корӣ дар Тоҷикистон ба инобат гирифта мешаванд.

Мавсуф зикр дошт, ки муҳоҷирон танҳо дар сурати расман дар Русия кор карданашон метавонанд ба имтиёзҳои иҷтимоӣ умед банданд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 7, 2022 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад