Шермуҳаммад Шоҳиён масъалаи ҷинояткорӣ миёни наврасонро дар соли 2021 нигаронкунанда арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъалаи ҷинояткорӣ миёни наврасонро дар соли 2021 нигаронкунанда арзёбӣ намуд.
Ба гуфти Шермуҳаммад Шоҳиён, соли 2021 нисбат ба 433 нафар ноболиғон ҳукми айбдоркунӣ бароварда шудааст, ки дар соли 2020 ин шумора 382 ададро ташкил медод.
Ӯ иброз намуд, ки ро махсусан ба масъалаи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони хурдсол ва ноболиғон таваҷҷуҳи хеле ҷиддӣ зоҳир мекунад.
Зикр шуд, ки бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар ҷиҳати дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълиму тарбия намудани фарзандон судяҳо корҳои муайянеро амалӣ намуданд.
Шермуҳаммад Шоҳиён изҳор намуд, ки аз 13 302 адад парвандаҳои нисбат ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба суд воридгардида, дар маҷмӯъ ба 5327 нафар ҷазои огоҳӣ дода шуда, нисбат ба 6518 нафар ба маблағи умумии 1 116 275 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






