Соли 2022 суръати рушди иқтисодии Тоҷикистон дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин хоҳад шуд

Февраль 4, 2022 14:03

ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар соли 2022 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин гардад.

Дар робита ба ин дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ки 20 январи соли равон таҳти раёсати  Раиси Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида буд, бо мақсади паст кардани  таъсири манфии омилҳои берунӣ, ташаккули имконияту  захираҳои  молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, татбиқи «иқтисоди сабз» Сарвазири Тоҷикистон, муовини аввал, муовини соҳавии Сарвазири мамлакат, Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазорату идораҳои марбута вазифадор гардиданд, ки  барои дар сатҳи  на кам аз 8 фоиз таъмин намудани  суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон  тамоми иқтидору  имконоти мавҷударо  самаранок истифода  баранд.

Дар ин раванд  барои иҷрои пурраи  барномаҳои  соҳавию минтақавӣ ва бартараф кардани  камбудиҳои зимни амалигардонии онҳо ҷойдошта бояд тадбирҳои  заррурию саривақтӣ  андешида шаванд.

Инчунин  фаъолияти бахши хусусӣ  тавассути ҷалби  сармояи  мустақими дохиливу  хориҷӣ ва воридоти технологияҳои муосир вусат  бахшида шуда, барои дастрасии соҳибкорон  ба қарзҳои имтиёзнок  ва равона кардани сиёсати андозу буҷет ба ҳавасмангардонии соҳибкорӣ, бахусус соҳибкорони истеҳсолӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамзамон бо назардошти пандемияи COVID-19  ва таъсири пайомадҳои он ба  соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ҳамкориро бо созмонҳои  байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд бояд тақвият бахшанд.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта бо вуҷуди мураккаб ва душвор боқӣ мондани вазъи иқтисодиву молиявии ҷаҳон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ вобаста ба пешгирии таъсири омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ, бахусус паҳншавии бемории сироятии COVID-19 рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 9,2 фоиз таъмин  гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 4, 2022 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»