СУХАНРОНИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 23, 2022 10:10

23.02.2022, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори бистунуҳумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям.

Ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ки тайи қариб сӣ сол ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда истодаанд, пеш аз ҳама, саломатӣ ва дар фаъолияти душвору пуршарафашон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.

Зеро таъсиси Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ зарурати шадиди рӯз ва тақозои мубрами он айёми басо вазнину тақдирсоз буд.

Бо вуҷуди ҳама норасоиву мушкилоти он айём, 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир гардид ва афсарону сарбозони содиқи Ватан дар ин чорабинӣ бо ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд.

Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми имкониятҳоро ба ҳалли масъалаҳои бунёди инфрасохтор, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизот ва фароҳам овардани шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсӣ сафарбар намуд.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони мо қаҳрамониву фидокорӣ нишон дода, ба хотири барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҷони худро қурбон карданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми сипосгузори тоҷик хотираи неки он ҷавонмардонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро пос медоранд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ иброз намоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд ва Артиши миллии бисту нӯҳ сол пеш таъсисдодаи мо ҳоло ба як сохтори воқеан боэътимод ва муназзаму муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Соли гузашта ба таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун яке аз солҳои фаромӯшнашаванда ворид гардид: мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии истиқлоли давлатии Ватани маҳбуби худро бо ифтихор аз Ватани ободу соҳибихтиёри худ ва дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил намуданд.

Воқеан, ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.

Ба хотири истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – сисолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, илова ба сохтмону азнавсозии 244 биноҳои таъиноти хизматӣ, таълимӣ ва иҷтимоиву хизматрасонии дар қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои танҳо Вазорати мудофиа ба анҷом расонидашуда, тайи солҳои 2020 – 2021 боз 186 иншоот сохта, ба истифода дода шуд.

Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ 2800 нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои шуҷоату ҷасорат ва хизмати содиқона бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Бо дарназардошти вазъи мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза ва торафт шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин, дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба яроқу аслиҳаи муосир, Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишварамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Дар ин раванд, мо ба муҳайё намудани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳем.

Тайи даврони истиқлолият барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар маҷмӯъ, 2226 иншооту биноҳо бунёд гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи бунёд кардану ба истифода супоридани иншооти зикршуда ҳоло шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ дар муқоиса бо солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бамаротиб беҳтар гардидааст.

Илова бар ин, дар замони истиқлол зиёда аз 3500 оилаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо манзили истиқоматии хизматӣ ва қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд.

Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таъминоти моддӣ ва дастгирии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Бо ин мақсад аз 1-уми январи соли 2022 маоши амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз зиёд карда шуд.

Ҳукумати мамлакат дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбиро дар оянда низ идома дода, барои беҳтар гардонидани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти иҷтимоӣ, навсозии техникӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо ҳамин роҳ пурзӯр намудани иқтидори мудофиавии кишвар ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Дар ташкили мудофиаи давлат, илова ба заминаи мусоиду муосири моддиву техникӣ ва инфрасохтори замонавӣ, инчунин, нақши кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва содиқ ба халқу Ватани худ бисёр муҳим мебошад.

Ҳоло зиёда аз 80 фоизи афсароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд.

То имрӯз мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷ аз кишвар зиёда аз 24 ҳазор нафар мутахассисони низомиро омода кардем ва ҳоло 8 ҳазор нафар ҷавонони мо дар чунин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.

Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки масъалаҳои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи афсарони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани ҳайати шахсӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимии ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ қарор дошта бошанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки талабот нисбат ба афсаронро пурзӯр намуда, ба гузаронидани машғулиятҳои омӯзишиву амалӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият, донишу ҷаҳонбинӣ, забондонӣ, одоби муошират ва обутоби маънавию ҷисмонии афсарону сарбозон эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Фаромӯш набояд кард, ки сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ аз таълиму тарбияи самарабахшу дурусти афсарону сарбозон, риояи талаботи ойинномаҳои умумиҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ бо дарназардошти воқеъият ва талаботи рӯз ва инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву садоқати хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии мустақим дорад.

Ҳозирини муҳтарам!

Вазъияти минтақа ва ҷаҳони имрӯза, ки хусусан, вақтҳои охир зудтағйирёбанда, пешгӯинашаванда ва пур аз рӯйдоду ҳолатҳои ғайричашмдошт гардидааст, аз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омодабошии доимии ҷангӣ ва донишу малакаи баланди касбиро тақозо менамояд.

Дар баробари ин, амалҳои мудҳиши террористие, ки дар кишварҳои орому осуда рух дода истодаанд, нишон медиҳанд, ки ҳар гуна давлат, сарфи назар аз сатҳи инкишофу иқтидор, метавонад дар як муддати кӯтоҳ зери таъсири равияву ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ осебпазир гардад.

Мо возеҳан мушоҳида мекунем, ки ноором сохтани вазъият аз ҷониби чунин гурӯҳу равияҳо чӣ гуна натиҷаҳои харобиовар оварда, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар аҳолии осоишта мегардад.

Дар чунин шароит ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадор аст, ки ба иҷрои вазифаи худ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ муносибат карда, барои таъмин намудани амнияти Ватани азизамон, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ҳамеша омода ва зираку ҳушёр бошад.

Дар шароити таҳаввулоти имрӯза, дар баробари омодабошии баланди ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаҳои вобаста ба ташкили босифати чорабиниҳои сафарбарӣ ва омодагии сохторҳои мудофиаи ҳудудӣ бояд таҳти таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дода шаванд.

Бовар дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

Мо бо афсарону сарбозони далеру ҷасури Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли худ, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик мебошанд, ифтихор мекунем.

Мо аз саҳми басо арзишманди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорон дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои бузургу таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи марзҳои муқаддаси давлати тоҷикон, таъмини амнияти давлат ва халқи Тоҷикистон ҳамеша сипосгузорем.

Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадоронро ба ифтихори 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватан иродаи қавӣ, рӯҳи матин ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҷашн муборак, ҳомиёни ғаюру ҷасури Ватан!

Февраль 23, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар»
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Оғози пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Омодагӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд