ТАВАҶҶУҲ! ИМРӮЗ — РӮЗИ ОХИРИН. Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд симкортҳои худро тибқи шиносномаи намунаи соли 2014 дубора ба қайд гиранд

Февраль 14, 2022 09:53

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,  тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 азнавбақайдгирии симкортҳо дар асоси шиносномаҳои намунаи соли 2014 (корти пластикӣ) гузаронида мешавад. Яъне шаҳрвандони дорои шиносномаи соли 1996 муваззаф шудаанд, ки то 15 феврали соли 2022 онро бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи  соли 2014 иваз намоянд ва симкортҳои худро дар ширкатҳои алоқаи мобилӣ дубора сабти ном кунанд.

Дар ҳолати надоштани шиносномаи намунаи соли 2014 шумо бояд ба шуъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои ВКД дар ҷои бақайдгирӣ муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:

  1. Намунаи Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 1996.
  2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
  3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
  4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).
  5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
  6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).

Чаро бояд шиносномаро иваз кард ва симкортро аз нав ба қайд гирифт

Ин барои таъмини амнияти муштариёни алоқаи мобилӣ ва дар маҷмӯъ тамоми сокинони ҷумҳурӣ мебошад.

Шиносномаи намунаи нав, ки симкорт ба он пайваст карда мешавад, имкон медиҳад, ки на танҳо ном, насаб ва суроғаи соҳибаш, балки маълумоти биометрии ӯ: — изи ангушт ва гурӯҳи хун низ муайян карда шаванд.

Тавре дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон шарҳ доданд, ин тадбирҳо «барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ» андешида мешаванд.

Ин талабот, пеш аз ҳама, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл доранд, ки соҳиби якчанд симкорт — се ва зиёда аз он ҳастанд. Тибқи қоидаҳои нав, ба номи як нафар набояд бештар аз ду симкорт сабт карда шавад.

Агар муштарии оператори мобилӣ якчанд симкорт дошта бошад, ки  дар асл аз ҷониби хешовандон ва ҳатто шахсони бегона низ истифода карда шаванд, пас ҳар кадоме аз ин симкортҳоро мебояд ба номи соҳиби воқеӣ дар асоси ҳуҷҷат замима кард.

Яъне дигар иҷозат нест, ки мисли пештара ба номи худатон чанд симкортро гузаронида, ба хешу табор ва ёру дӯстон барои истифода диҳед.

Барои аз нав сабти ном кардани симкорт шумо бояд шиносномаи дохилии намунаи нави соли 2014-ро пешниҳод кунед.

Усулҳои фосилавии аз нав бақайдгирӣ вуҷуд надоранд — муштарӣ бояд ба идораи танзимгари мобилӣ муроҷиат намояд.

Барои дубора сабти ном кардани симкортҳо дар идораи танзимгари  мобилӣ шаҳрванди Тоҷикистон бояд корти ID – шиносномаи нав пешниҳод кунад.

Шиносномаи кӯҳнаи соли 1996 (коғазӣ, бо ҷилди ҷигарранг) барои ин мувофиқ нест, зеро бо истифода аз он дар бойгониҳои давлатӣ муайян кардани соҳибонашон мушкил аст.

Аз ин рӯ, ба шумо шиносномаи нав зарур аст (2014) — ин шарти асосии аз нав сабти ном кардани симкортҳост.

Тибқи қонун ҳама симкортҳои дар қаламрави Тоҷикистон мавҷуда бояд ба номи соҳибони воқеӣ сабт карда шаванд. Барои тасдиқи мақоми соҳиби воқеии симкорт ба муштарӣ ивазнамоии шиноснома зарур аст.

Сокинони Тоҷикистон, ки аз симкортҳои ба номи нафари дигар сабтшуда истифода мебаранд, аз иваз кардани шиносномаи кӯҳна ба шиносномаи нав озоданд.

Агар муҳлати шиносномаи кӯҳнаи муштарӣ ба охир нарасида бошад, ба номи ӯ симкортҳо сабт нашуда бошанд ва ӯ нияти минбаъд идома додани истифода аз хизмати алоқаи мобилиро надошта бошад, метавонад шиносномаи худро ба ID-корт иваз накунад, тавзеҳ доданд дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, онҳое, ки ба ин гурӯҳ дохил мешаванд, метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти худро то анҷоми муҳлати он иваз накунанд.

Агар муштарӣ берун аз ҷумҳурӣ бошад ва ё бо сабабҳои саломатӣ шахсан ба идораи алоқаи наздиктарин омада натавонад, вай бояд ба номи яке аз хешовандон ё шиносаш ваколатнома нависад.

Ваколатнома бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад.

Усулҳои азнавбақайдгирии фосилавӣ дар назар гирифта нашудаанд.

Ба онҳое, ки имкони сари вақт сабти ном кардани симкортро надоранд,  чӣ таҳдид мекунад?

Он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар даст шиносномаҳои соли 1996 доранд ва онҳоро ба кортҳои пластикӣ иваз намекунанд, дигар наметавонанд аз телефонҳои ҳамроҳ истифода намоянд: танзимгарон симкорти онҳоро масдуд мекунанд.

Агар ҳолати муштарӣ тасдиқ карда нашавад, корт ба таври худкор аз фаъолият мемонад.

Ҳамчунин тибқи қоидаҳои нав, ба дасти каси дигар додани симкорти шумо мамнӯъ аст. Барои ин ҷарима пешбинӣ шудааст.

Одамон ва созмонҳое, ки симкортҳои дигар кишварҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон мефурӯшанд ё симкорти тоҷикиро ба шаҳрвандони хориҷӣ интиқол медиҳанд, низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 14, 2022 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?