ТОҶИКИСТОН БА ИҶРОИ НАҚШАИ СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ОИД БА ЭМКУНИИ НА КАМ АЗ 70% АҲОЛӢ МУВАФФАҚ ШУД. Вазъи ваксинагузаронӣ дар 110 кишвари ҷаҳон ба ҷадвали пешниҳодкардаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мувофиқ нест

Февраль 15, 2022 13:00

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон 116 кишвари ҷаҳон аз ҷадвали эмгузароние, ки имкон медиҳад ба ҳадафи гузоштаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба ваксина кардани ҳадди ақалл 70% аҳолии ҳар кишвар бар зидди коронавирус то нимаи соли 2022 ноил шавем, қафо мемонанд. Дар ин бора дирӯз, 14 феврал директори генералии СУТ Тедрос Адханом Гебрейюс (ДАР АКС) дар Форуми байналмилалӣ оид ба COVID-19 иттилоъ дод,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СУТ.

Вай зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии COVID-19, ки аз ҷониби ИМА  роҳандозӣ гардид, гуфт: «Дар айни замон 116 кишвар барои расидан ба ҳадафи муштараки мо, яъне то миёнаҳои соли ҷорӣ ваксина кардани 70 дарсади аҳолии тамоми кишварҳо  дер мекунанд».

Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид кард, ки дар баъзе кишварҳо сатҳи баланди эмгузаронии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо ҷараёни на он қадар вазнини беморӣ ҳангоми сироятёбӣ аз штамми омикронии коронавирус нисбат ба сирояти штаммҳои дигар «қувваи ҳаракатдиҳандаи ривояти бардурӯғест, ки гӯё пандемия ба охир расида бошад».  Ҳамзамон «фарогирии паст бо ваксинатсия ва сатҳи пасти аз  тест гузаштан дар кишварҳои дигар барои пайдоиши намудҳои нави коронавирус шароити мусоид фароҳам меорад».


Гебрейюс гуфт, ки инсоният иқтидор дорад, ки «имсол пандемияро зери назорат гирад», аммо вай бо «хатари афзояндаи» аз даст додани ин имконият дучор меояд.

Ёдовар мешавем, ки то 1 феврал дар Тоҷикистон 4 миллиону 594 ҳазору 703 нафар, яъне 79,7 дарсади шаҳрвандон бо ваксинаи COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 3 миллиону 902 ҳазору 269 нафар ё худ 67,7% шаҳрвандони кишвар вояи дуюми ваксинаро пеш аз муҳлат гирифтаанд.

Сокинони кишвар ба хотири ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тиббии маҳаллӣ рафта, зидди ин беморӣ эм мешаванд. Қобили зикр аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 3 июли соли 2021 нашр шуд, эмкунии ҳатмии зидди коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола боло чорй карда шудааст. Одамоне, ки зидди коронавирус ваксина нагирифтаанд, бояд ба духтури оилавии худ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷиат кунанд. Ваксина ба шаҳрвандони кишвар ройгон гузаронида мешавад.

 

АКС: AFP/Fabris COFFRINI

Февраль 15, 2022 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо