Тоҷикистон ба лоиҳаи сайёҳии ИДМ «Гарданбанди гаронбаҳои Иттиҳод» шомил гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба лоиҳаи сайёҳии кишварҳои ИДМ «Гарданбанди гаронбаҳои Иттиҳод» шомил шуд, хабар медиҳад агентии иттилоотии русии «Спутник» бо истинод ба «МИР 24». Ҷумҳурӣ 5 самти тамоми кишварро намоиш медиҳад. Вале шарти асосии ширкат дар ин иқдом ҳамоҳангсозии масирҳои сайёҳон бо кишварҳои ҳамсоя аст.
Ба лоиҳа танҳо иншооте ворид мешаванд, ки инфрасохтори пешрафта, масир ва дастрасии нақлиёт доранд ва созмондиҳандагон иштирокчиёнро бо як мавзӯъ маҳдуд намекунанд.
Дар айни замон рӯйхати дақиқи ҷойҳои тамошобоб барои «Гарданбанди гаронбаҳои Иттиҳод» вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин рӯйхати ҷойҳое вуҷуд дорад, ки метавонанд ба лоиҳа дохил карда шаванд. Масалан, «ансамбли таърихӣ» дар майдони Хуҷанд, ки дар он мақбараи шоир ва фақеҳ Шайх Муслиҳиддин, қалъа ва бозори Панҷшанберо низ дидан мумкин аст, ки дар он садсолаҳо рӯзҳои панҷшанбе савдо мекарданд.
Мудири шуъбаи Осорхонаи мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор Акмал Ҳомидов оид ба таърихи чандинасраи Тоҷикистон руҷӯъ намуд.
Соли 327 пеш аз милод Искандари Мақдунӣ, дар ибтидои асри 8 волии Хуросон — Қутайба ибни Муслим, дар асри XIII писари Чингизхон- Чағатой, дар асри XIV — Темурланг, дар асри 16 Бобур Мирзо, асосгузори империяи Муғулистон дар ин ҷо буданд. Ва охирин ҳокиме, ки ин ҷо зиндагӣ мекард, амири Бухорост», — шарҳ дод коршинос.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Мирзошариф Абдусаломов, ашёи дар боло зикршуда метавонанд дар бораи фарҳангу зиндагии тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърихӣ маълумоти зиёд диҳанд.
«Ин на танҳо масири фарҳангӣ, балки роҳи тарбиявӣ ҳам ба шумор меравад. Мутобиқи он метавон омӯхт, ки мардум 3-4 ҳазор сол пеш чӣ гуна худро муҳофизат мекарданд», — таъкид кард ӯ.
Ба феҳристи маконҳои тамошобоб, ба гуфтаи ёвари Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории байналмилалӣ Темурмалик Камолов, метавонанд тамоми қалъаҳои низомии бостонии ба қаламрави Роҳи Абрешим дохил, масалан, қалъаи Ямчун ворид шаванд.
Мутахассисон фикру андешаҳои зиёде ба миён мегузоранд. Ба ҳамин тариқ, таклиф карда мешавад, ки ба ҷойҳои таърихӣ ва замонавӣ дар масири «Муъҷизаҳо дар об» кӯлҳои чандинасраи ҷумҳурӣ ва НБО-и Норак, ки яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад, ворид карда шаванд.
АКС: © Sputnik/Стас Этвеш








Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ — барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МАЪРИФАТ ВА ФАРҲАНГИ ЭКОЛОГӢ». Он ба баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ равона шудааст
Тоҷикистон дар COP31 таъсиси платформаи минтақавии инноватсияҳои «сабз»-ро дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода дар Ассамблеяи 43-юми ИКАО дар шаҳри Монреали Канада иштирок намуд






