Тоҷикистон ва Эрон муомилоти молии дуҷонибаро ба 500 миллион доллар мерасонанд

Февраль 10, 2022 16:37

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Эрон соли 2021 ба 121 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2020 ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора 9 феврал дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ ибрози назар карда шуд.

З. Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саид Иброҳим Раисӣ муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Зикр гардид, ки дар натиҷаи иҷрои супориши сарони ҳарду давлат гардиши савдои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эрон соли 2021 то ба 121 млн доллари ИМА расида ё 2 маротиба нисбат ба соли 2020 афзоиш ёфт.

Ҷонибҳо ҷиҳати истифодаи пурра аз имконот ва иқтидорҳои мавҷуда вобаста ба таҳияи Харитаи роҳ оид ба афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба то 500 млн доллари ИМА ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ баён намуданд.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар навбати худ аз Вазири рушди иқтисод ва савдо даъват ба амал овард, ки зимни сафари корӣ ба Эрон аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла «Чобаҳор» ва шаҳракҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Қазвину Машҳад ва вилояти Хуросон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Эрон дар ин самт боздид намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикргардида изҳор намуданд.

 

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Февраль 10, 2022 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид