Тоҷикистон ва Туркия ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуданд

Февраль 15, 2022 08:26

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёлро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карданд.

Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои густаришу таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн иброз дошта, идомаи ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳим донистанд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 28 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия 29 январи соли 1992 барқарор шуда, бо мурури замон равобит ва ҳамкорӣ бо Туркия ба яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон табдил ёфт.

Соли 2021 ҳаҷми тиҷорати дуҷониба  ба 390,5 миллион доллар расид.

Ёдовар мешавем, ки 6 декабри соли 2021 дар Маркази Конгресси Селчуқлуи шаҳри Қуния Форуми соҳибкорони Туркия ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар фарҷоми Форум Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби вазирон Шералӣ Кабир ва Мустафо Варанк ба имзо расонида шуд. Инчунин миёни Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов-роҳбари кулли Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд ва Селчук Озтурк- раиси Палатаи савдои шаҳри Қуния Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Дар қисми дуюми ҳамоиш пас аз гуфтушунидҳо дар сиғаи B2B бо Муассисаи давлатии «Маркази лоиҳакашӣ ва рушди технологияҳои нави саноатӣ»-и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 тафоҳумномаи сармоягузорӣ ба арзиши умумии $52 миллион ба имзо расид.

Ҳамчунин дар сиғаи B2B миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия беш аз 10 ёддошт ва созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Февраль 15, 2022 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид