ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ — ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Таҷлили ҷашни Артиши миллӣ эҳтиром ба муқаддасоти миллист

Февраль 23, 2022 08:33

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихору сарфарозист, ки мардуми Тоҷикистон дар фазои дӯстиву рифоҳ ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, ҳар пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар самти соҳаҳои иқтисоду, фарҳанг, илму маориф бо санаҳои хотирмон ҷашн мегирад.

Соле, ки паси сар шуд, дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон, яъне дар таърихи навини кишвар бо хатҳои заррин сабт шуд. Ин соли таҷлил аз солгарди се даҳаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Соли равон халқи шарифи тоҷик сисолагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ҷашн мегиранд.

Ба ин ду рӯйдоди муҳим санаи дигареро низ илова кардан лозим аст, ки ба ин ҷашнвораҳо алоқаи наздик дошта, дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз аҳамияти бузурге бархурдор мебошад. Ин 29-умин соли таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ мебошад, ки маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис гаштааст.

Дар робита ба ҷашни фархунда — 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин ШАРИФЗОДА андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» баён намуд.

Ба ақидаи мавсуф, баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳарчанд роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ дар бобати созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳо карда бошанд ҳам, вале он бо сабабҳои гуногун амалӣ нагардид. Зеро вазъияти сиёсии он замон имконият намедод, ки мутобиқ ба шароити истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ созмон дода шавад.

Яъне, кӯшишҳои соҳибихтиёр шудан дар баъзе санадҳое, ки то моҳи августи соли 1991 қабул шуданд, ин мустақилиятро дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ маҳдуд мекард. Аз ҷумла, Шӯрои Олии Тоҷикистон низ 24 августи соли 1990 «Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии давлатии ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки мустақилияти ҷумҳуриро «дар доираи ИҶШС-и навшуда» пешбинӣ менамуд.

Ахиран, баъд аз барҳам хӯрдани ИҶШС дар соли 1991 расман эътироф намудани истиқлолияти давлатҳои соири кишварҳои ИҶШС шурӯъ гардид, ки дар ин робита Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд.

Таҷлили ҳар ҷашну маросим, рӯзҳои таъсис ва санаҳое, ки дар онҳо рукнҳои давлатӣ ташкил ва ба фаъолият оғоз карданд, агар аз як тараф эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ бошад, аз ҷониби дигар ин арҷгузорӣ ба заҳмати шахсиятҳое мебошад, ки ба хотири ободию шукуфоӣ ва рушду нумӯи мамлакат тамоми шароиту имкониятро барои зиндагии шоиста, бақои давлатдорӣ ва ояндаи дурахшони сокинони ватанамон муҳайё карданд.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо – мардуми Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар оғози даврони истиқлолият бо таъсири бархе аз неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва он боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гардид, ки ин ҳама появу рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонида, дар кишвар беқонуниятӣ ва дигар бесомониҳоро ба вуҷуд овард.

Дар замони барои ҷумҳурӣ ниҳоят вазнин, дар замоне, ки аз бесиёсатӣ мулк мушкилтарин давраи таърихи худро ба сар мебурд ва кишвар гирифтори ҷангу хунрезӣ, шаҳру деҳкадаҳо дар коми оташ, ҳазорон касон куштаву беному нишон, ҳазорони дигар гурезаву сарсону саргардон аз пайи наҷоти худ буданд, ба бахти ин мардуми гирифтори яъсу ноумедӣ дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба пояи бунёди Артиши миллии кишвар асос гузоштанд.

Ҳанӯз дар яке аз муроҷиатномаҳои нахустини худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи сиёсии мамлакат дар он рӯзҳо таъсис додани артиши миллӣ, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии он, дифои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани кишвар ба ҷомеаи ҷаҳониро яке аз ҳадафҳои олии худ қарор дода буданд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем нахуст амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, фаъолияти милиса, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро таҳким бахшем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.

Яъне, барои пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавони нав ба истиқлол расида зарур буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода шавад.

Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, яъне дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд.

18 декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

25 июни соли 1993 Қонун «Дар бораи мудофиа» (дар таҳрири нав аз 4 ноябри соли 1995), 13 декабри соли 1996 Қонун «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 августи соли 1997 Қонун «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» (дар таҳрири нав аз 29 ноябри соли 2000 ва аз 29 январи соли 2021 таҳти рақами 1753) қабул гардиданд, ки заминаҳои ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро муайян менамоянд.

Хизмати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунии зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ аз рӯйи шумораи умумӣ аз неруҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонистанд, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза бо ин қувваҳои ҷиноятӣ ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароранд.

Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳ ҳама давраҳои мушкили сохториро паси сар намуда, ба марҳалаи мувофиқ кардани сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расиданд. Дар ин давра тамоми кӯшишу талош барои сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, такмили маърифати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.

Зимни маросими таҷлили 28 — солагии рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро шоҳсутуни давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «…бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд».

Дар идомаи суханронии худ Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ёдоварӣ карда, иброз доштанд, ки «мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд».

Мардуми Тоҷикистон бо афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне фарзандони содиқу вафодори худ ифтихор мекунанд ва эътимоди комил доранд, ки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистони соҳибихтиёр дар оянда низ аз уҳдаи ҳимояи Ватан, давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар бо сарбаландӣ мебароянд.

Бо мураккабу печида гардидани вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, қабл аз ҳама, терроризму ифротгароӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намуданд, ки «…мо бояд ҷиҳати ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо истифода аз тамоми захираву имконият иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем».

Ҳар давлати соҳибистиқлол баҳри ҳимояи истиқлолият, якпорчагӣ ва таъмини амнияту суботи сартосарӣ, бо назардошти имконоти мавҷуда иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи худро таҳким бахшида, дар ин замина дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҳамкории мутақобила бо давлатҳои алоҳида дар таъмини амнияти минтақа саҳми муносиб мегузорад. Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешидааст. Аз ҷумла, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ бо Федератсия Русия ва дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар ин самт назаррас мебошад.

Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, некӯҳамсоягӣ ва мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигарро пеша карда, ҳадафи эҷоди навори эътимоду амниятро дар тӯли марзи кишвар пайгирӣ мекунад.

Ин сиёсат дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масоили сарҳадӣ ва ҳалли осоиштаи онҳо ба воситаи музокироту гуфтушунидҳо, ҳусни тафоҳуми ҷонибҳои дахлдор ва эътирофи усули баробарӣ ва тақсимнопазирии амният дар минтақа такя мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки низоми нави ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ аз ҷангу низоъҳо, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии милливу диниву тамаддунӣ комилан озод бошад ва ба ҳамкориву шарокати баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад.

Дар хотима мехоҳам иброз намоям, ки имрӯз аз чеҳраи ҳар сарбози Ватан эҳсос мегардад, ки онҳо дар дифои марзу буми аҷдодӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва қиматтар аз ҳама, амнияти сартосарӣ ҷавонмардона хизмат намуда, баҳри якпорчагӣ ва ваҳдати комил ҷони худро дареғ нахоҳанд дошт.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 23, 2022 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд