Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар зиёда аз 70 вазорату идораҳо санҷишу мониторинг гузаронид

Февраль 3, 2022 16:20

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар вазорату идораҳо ва сохторҳои зертобеи онҳо зиёда аз 70 санҷишу мониторинг ва боздидҳо анҷом дода шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд. Дар ин бора имрӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф зикр намуд, ки бо мақсади такмил додани қонунгузории миллӣ аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 35 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ” ва Луғати истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи инсон таҳия ва нашр карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 1950 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва баррасӣ гардида, дар шаҳру навоҳӣ ва минтақаҳои дурдасти аҳолинишин 150 машварати сайёри ҳуқуқӣ бо ҷалби 7500  шаҳрвандон гузаронида шуданд ва ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои мурофиавии шаҳрвандон иштироки кормандони мақомоти ВҲИ дар 6 мурофиаҳои судӣ таъмин карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2022 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад