Варзоб: Аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 110 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ боздид намудаанд

Февраль 5, 2022 09:51

ВАРЗОБ, 05.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Варзоб 110 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ  боздид намуданд. Аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 3 миллиону 234 ҳазору 459  сомонӣ ворид гардидааст.

Ин матлабро Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода  зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон  расонида, гуфт, ки соли 2021 дар ҳудуди ноҳия ба андозаи 27512,4 метри мурабаъ манзили истиқоматӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, кӯдакистони хусусӣ ва ба маблағи  24 миллиону 73 ҳазору 860 сомонӣ биноҳои маъмурӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Зимни нишаст зикр шуд, ки бо ташаббуси сокинону соҳибкорон ва кормандони  ташкилоту муассисаҳои ноҳия бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтмони 278 иншоот, аз ҷумла 15 муассисаи таълимӣ, 4 бинои маъмурӣ, 40 адад иншооти хизматрасонӣ, 30 адад иншооти савдо ва хӯрокворӣ, 17 иншооти истироҳатию фарҳангӣ,  18 толору майдончаи варзишӣ, 42  иншооти тиббӣ, 22 коргоҳу корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар ин иншоот 765 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.

 АКС :АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2022 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд