Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар шоҳроҳи Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт дидан кард

Февраль 16, 2022 15:23

ДУШАНБЕ, 16.02.2022/АМИТ «Ховар»/. «Роҳҳо бояд бо сифати баланд, дар муҳлати муқарраргардида ва ҷавобгӯ ба талабот сохта шаванд, то солиёни дароз ба мардум хизмат карда тавонанд ва номи ҳар кадоми шумо дар таърих хоҳад монд». Ин нуктаро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни мулоқот бо сохтмончиёну роҳсозони лоиҳаи «Таҷдид ва сохтмони шоҳроҳи Ҳулбук – Темурмалик — Кангурт», ҳангоми боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин шоҳроҳ зикр намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ сафари кориро аз километри 36 – уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб оғоз намуда, дар ҳар минтақа бо сохтмончиён ва коргарони роҳ суҳбату мулоқот анҷом дода, баҳри беҳбудии кор дастуру супоришҳо дод.

Лоиҳаи сохтмони роҳи Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт 58,570 километрро ташкил дода, аз ду қисмат иборат аст. Қисмати якуми он аз пайвастшавӣ ба роҳи автомобилгарди Гулистон – Кӯлоб оғоз гардида, километрҳои 000 то 33 + 400-ро дар бар мегирад ва ба категорияи 3-4 роҳҳо дохил мешавад. Он роҳи байни деҳаҳои ноҳияи Восеъ ва Темурмаликро мепайвандад.

Қисмати дуюми он то километрҳои 55+570 – ро дар бар гирифта, ба категорияҳои 4 дохил мешавад ва маркази Темурмаликро бо шоҳроҳи навбунёди Кангурт – Балҷувон – Ховалинг пайваст мекунад.

Вазири нақлиёт дар ҳар минтақаи сохтмон аз шароити кор ва аҳволи сохтмончиён огоҳ гардида, бо коргароне, ки ба сохтмони бино ва утоқҳои корӣ дар роҳи Темурмалик машғуланд, мулоқот намуд.

Зикр шуд, ки дар биноҳои сохташаванда тамоми шароит муҳайё гардида, пас аз анҷоми сохтмон Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Темурмалик метавонад аз он истифода барад. Чунин бино дар роҳи ноҳияи Восеъ низ сохта мешавад. Сохтмони лоиҳаи мазкур моҳи июли соли 2021 оғоз гардида, бояд 31 декабри соли 2024 ба анҷом расад. Маблағгузори он Бонки Осиёии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он 175 коргар ва 105 техника кор мекунанд.

Роҳсозон аз шароити кориашон қаноатманд буда, ба Вазири нақлиёт ваъда доданд, ки дар сохтмон софдилона кор карда, онро босифат анҷом хоҳанд дод.

 

АКСҲО: Вазорати нақлиёти ҶТ

Февраль 16, 2022 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»