Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: Агар дар вуҷуди шахс подтан ҳам бошад, барои муҳофизат аз таъсири вирус эмгузаронӣ ҳатмист

Февраль 11, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 11.02.1022 /АМИТ «Ховар»/. Агар дар шахс нишонаи ягон беморӣ, ба монанди шамолхӯрдагӣ бошад, табибон тавсия медиҳанд, ки аз ташхиси ПСР гузарад. Аммо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ПСР ҳамчун нақшаи пеш аз гирифтани ваксинатсия тавсия дода нашудааст. Баъзе шахсон мегӯянд, ки бемориро гузаронидем ва подтан дорем, ПСР месупорем, ки ин ҳам нодуруст аст. Ба ин нигоҳ накарда, агар дар вуҷуди шахс подтан ҳам бошад, барои муҳофизат аз таъсири вирус  эмгузаронӣ ҳатмӣ мебошад. Ин матлабро 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд.

«Ман ҳамчун табиб изҳор менамоям, ки дар ҳар давлате, ки аҳолиаш пурра аз ваксинатсия гузаштааст, гирифторӣ ба бемории коронавирус эҳтимолияти кам дорад. Тибқи таҳлилҳо, дар он кишварҳое, ки  раванди ваксинагирӣ ихтиёрӣ буд ва баъзе сокинон саркашӣ намуданд, дар онҳо хуруҷи ин беморӣ зиёдтар ба қайд гирифта шудааст»,- гуфт мавсуф.

Мақсади асосии ваксинатсия- ин баланд бардоштани масунияти бадан мебошад, ки дар вақти такроран бемор шудан мариз онро ба шакли сабук мегузаронад ва нишонаҳои бемории «омикрон» низ сабук мегузаранд. Аммо  баъзе шахсон бемориҳои ҳамрадиф доранд, ба монанди қанд, дил, фарбеҳӣ ба ғайра, ки коронавирус дар онҳо ба шакли сабук ё вазнин мегузарад. Мақсад аз ваксинатсия гузаронидани аҳолӣ- ин пеш аз ҳама, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ ва ҳимояи сокинон аз бемории ковид мебошад.

Ба гуфти Ҷамолиддин Абдуллозода, «имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хушбахтона, вояи якумро 85 фоиз, вояи дуюмро 72 фисади аҳолӣ ва вояи сеюмро зиёда аз 80 ҳазор нафар шаҳрвандон гирифтаанд. Дар пайи чунин тадбир мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар оянда эҳтимоли сар задани беморӣ дар ҷумҳурии мо кам мебошад».

Дар ҷараён нишаст гуфта шуд, ки вақте шахс гирифтори бемории коронавирус мешавад, ба ӯ ягон доруворӣ лозим нест. Танҳо доруҳои зиддивирусӣ ва доруҳое, ки барои баланд бардоштани иммунитет дар ҷараёни беморӣ агар ягон ориза пайдо шавад, заруранд.

Гуфта шуд, ки аз 23 марти соли 2021 ба ваксинатсия фаро гирифтани аҳолии гурӯҳҳои мақсаднок оғоз гардида, то ҳол идома дорад.

То ба имрӯз ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кумакҳои башарӣ 11 269 920 вояи ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак», «Модерна», «Спутник V» ва «П файзер» ворид карда шуда, мавриди истифодаи самаранок қарор дода шудаанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»