Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиати шаҳрвандонро ба таври электронӣ ба роҳ мемонад

Февраль 1, 2022 10:52

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири фаъолияти самараноки шуъбаҳои умумӣ  дар дастгоҳи марказӣ, дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ  таҷҳизоти махсус (серверҳо) харидорӣ ва насб намуд, ки тавассути ин низом тартиби муроҷиати шаҳрвандон ба тариқи электронӣ роҳандозӣ мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

31 январ барои кормандони шуъбаи умумии вазорат, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳо даври омӯзишӣ баргузор гардид. Зимни омӯзиш созандагони барнома, мутахассисони Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» ва мутахассисони хадамот оид ба роҳу усулҳои муроҷиат, дастрас намудани он ба мутахассисону масъулон дар сатҳи деҳот, шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ  андешаҳои худро баён намуданд.

Ҳамчунин ба ин таҷҳизот хати  интернети оптикӣ гузаронида шудааст. Дар баробари ин, барои ин марказҳо таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва насб карда шуд.

Дар самти амалишавии Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» яке аз фаъолияти пешбинишуда- ин ворид намудани системаи электронии муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Ин механизм дар доираи рушди ҳукумати электронӣ бо назардошти  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»  таҳия гардидааст.

Тавассути ин система тартиби муроҷиати шаҳрвандон ба тариқи электронӣ роҳандозӣ мегардад, ки ба  сарфаи вақт ва маводи  конселярӣ мусоидат мекунад. Бо дастрасӣ ба ин тартиб ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва берун аз марзи Тоҷикистон қарордошта метавонанд тавассути почтаи электронӣ ва зангҳои телефонӣ бо дилхоҳ дархосту пешниҳод ва арзу шикоят ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кунанд.

Лоиҳа дар доираи фаъолияти худ ҷалби мутахассисон ва дастгирии онҳоро барои амалисозии босамари механизми мазкур ба роҳ мондааст.

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Февраль 1, 2022 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд