Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 265 маркази саломатии деҳоти Тоҷикистон қуттиҳои махсус насб мекунад
ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии мамлакат дар 265 маркази саломатии деҳоти 16 ноҳияи таҷрибавӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафарободи вилояти Суғд, А.Ҷомӣ, Кӯлоб, Кӯшониён, Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷ.Балхӣ, Қубодиён, Ёвон ва ноҳияҳои Дарвозу Файзобод барои боз ҳам беҳтар роҳандозӣ намудани тартиби муроҷиати шаҳрвандон ва ҳалли онҳо қуттиҳои махсус насб мекунад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қуттиҳои мазкур бо мақсади таъмини имконоти бештари муроҷиати шаҳрвандон ва вокуниши саривақтии масъулони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидааст.
Гуфта шуд, ки қаблан низ чунин қуттиҳо барои арзу шикоят вуҷуд доштанд, вале бо гузашти вақт мо онҳоро хеле кам мебинем. Аз ин рӯ дастрас ва насби чунин қуттиҳо барои роҳандозии саривақтии муроҷиати мардуми маҳал, бахусус деҳоти кишвар ва вокуниши саривақтӣ ба он мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки имрӯз дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои электронии муроҷиат хеле зиёд аст. Вале дар сатҳи деҳот аксари муроҷиатҳоро дар сатҳи маркази саломатӣ ва ё шабакаи кумаки аввалини тиббиву санитарӣ метавон ҳал кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон «Маркази иттилоотии зиддибуҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони боварии 511 ба фаъолият оғоз намуд, ки он бо таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ, нуқтаҳои қабули зангҳои телефонӣ ҳам аз корбарони алоқаи мобилӣ ва ҳам аз пешниҳодкунандагони алоқаи телефонии маъмулии хаттӣ муҷаҳҳаз буда, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ду басти корӣ давоми 24 соат фаъолият менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






