Зарфияти иқтисодии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ муаррифӣ шуд

Февраль 28, 2022 15:50

ДУШАНБЕ, 28.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Маккаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ 23-27 феврал бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати ин шаҳр Намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратию саноатӣ баргузор гардид, ки дар он дар гӯшаи Тоҷикистон тавассути наворҳои видеоӣ зарфияти тиҷоратию иқтисодӣ, иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва имконоти сармоягузории кишвар  муаррифӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ дар ин намоишгоҳ гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки дар он намунаҳои гуногуни маҳсулоти ватанӣ, нигораҳои ҳунарҳои миллӣ, аксҳои инъикоскунандаи табиати зебои Тоҷикистон ва брошюраҳо дар бораи  имконияти сайёҳии кишвар манзури зоирин гардиданд», — гуфта мешавад дар хабари ВКХ Тоҷикистон.

Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бо ҳузури Амири минтақаи Маккаи мукаррама, Вазири тиҷорати Арабистони Саудӣ, роҳбарон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Арабистони Саудӣ ва доираҳои соҳибкорию саноатии кишвари иқомат сурат гирифт.

АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон

Февраль 28, 2022 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд