21 март ҳайати шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия ба Душанбе меояд

Март 19, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 19.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 21 март бо мақсади иштирок дар Форуми 3-юми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ба пойтахти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия таҳти роҳбариии муовини раиси шаҳри Клагенфурт Адоис Долинар ташриф меорад.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Бояд зикр кард, ки ташрифи ҳайати меҳмонон аз шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат мегирад.

Дар ҳошияи сафар 22 марти соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо ҳайати шаҳрдории Клагенфурт таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт Адоис Долинар ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки зимни музокирот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ҳамкории бародаршаҳрҳо — Душанбе ва Клагенфурт дар чаҳорчӯбаи санадҳои мавҷудаи ҳамкорӣ мавриди гуфтугӯ қарор гирад.

Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ 30 — солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия, инчунин 50-солагии барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт таҷлил мегардад.

Дар назар аст, ки сафари ҳайати шаҳрдории Клагенфурт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то 24 март давом кунад.

АКС: АМИТ «Ховар»/ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

 

Март 19, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад