92,2 фоизи аҳолии Тоҷикистон бар зидди бемории коронавируси COVID-19 эм гирифтанд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. То 27 март дар Тоҷикистон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, яъне 92,2 фоизи аҳолӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 эм гирифтаанд. Инчунин бо вояи дуюми ваксина то санаи зикргардида 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар ё 87,5 дарсади шаҳрвандони кишвар фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вояи сеюми ваксинаро то имрӯз 1 89 922 нафар ё 19,5 фоиз гирифтаанд. Имрӯзҳо сокинони кишвар бо масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тиббии маҳаллӣ муроҷиат намуда, ваксинаи зидди сироят мегиранд.
Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18 — сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






