АФҒОНИСТОН БАДБАХТТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН ЭЪЛОН ГАРДИД. Дар ин бора дар Гузориши умумиҷаҳонии СММ оид ба хушбахтӣ зикр шудааст

Март 20, 2022 15:47

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Афғонистон бадбахттарин кишвари ҷаҳон аст. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад, Гузориши  умумиҷаҳонӣ оид ба хушбахтӣ — World Happiness Report аз ин гувоҳӣ медиҳад. Гузориши мазкур аз ҷониби СММ бахшида ба Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ, ки имрӯз, 20 март таҷлил мешавад, интишор  ёфт.

Дар гузориш Афғонистон дар байни 146 кишвар дар ҷои охирин қарор дорад. Лубнон аз рӯи бадбахтӣ дар ҷои дуввум, Ботсвана, Руанда ва Зимбабве дар панҷгонаи охир қарор гирифтанд.

Муҳаққиқон пас аз таҳлили маълумоти се соли охир кишварҳоро раддабандӣ карданд. Онҳо маълумоти бадастовардаашонро аз рӯи  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, амнияти иҷтимоӣ, давомнокии умр, озодии интихоби зиндагӣ, саховатмандии аҳолӣ ва дарки сатҳи фасоди берунӣ ва дохилиӣ гурӯхбандӣ вабаррасӣ карданд.

Пурсиш нишон дод, ки шумораи ками афғонхо ба оянда умеди калон дорад. Аксари онҳо гуфтаанд, ки ба оянда умумен ҳеҷ умеде надоранд. Ба гуфтаи таҳлилгар Насратуллоҳ Ҳакпала, солҳои зиёд фасоди густарда, афзоиши фақр, набуди ҷойҳои корӣ, боло рафтани шумораи одамон аз хатти фақр ва рушди ноустувор боиси нооромиҳо шудаанд. Аксари афғонҳо аз соли 2011, замоне, ки Толибон сарнагун шуданд ва эътилофи таҳти роҳбарии Амрико пирӯзиро эълон кард, умедҳои зиёд доштанд.

Гузориш ҳушдор медиҳад, ки шумори афғонҳо  ва сатҳи зиндагии  пас аз ба қудрат баргаштани Толибон метавонад боз ҳам коҳиш ёбад.

Финляндия бори панҷум паиҳам ҷои якумро гирифт. Ба панҷгонаи хушбахттарин кишварҳои ҷаҳон Исландия, Дания, Швейтсария ва Ҳолланд низ шомил шуданд,  ба даҳгона бошад Люксембург, Норвегия, Шветсия, Исроил ва Зеландияи Нав ворид гардиданд.

Тоҷикистон дар миёни 146 кишвари ҷаҳон дар зинаи 83-юм ҷой гирифт. Кишвари мо аз давлатҳое ба монанди Булғория (ҷойи 85-ум), Индонезия (87-ум), Озарбойчон (92-юм), Гурҷистон (105-ум), Эрон (110-ум), Туркия (112-ум), Покистон (121-ум), Миср (129-ум), Ҳиндустон (136-ум) пеш гузашт.

Ёдовар мешавем, ки Гузориш, ки бори нахуст соли 2012 аз ҷониби Шабакаи ҳалли масъалаҳои рушди устувори СММ нашр шудааст, сатҳи хушбахтӣ ва некуаҳволиро дар 156 кишвари ҷаҳон арзёбӣ мекунад. Ҳамасола пажӯҳишгарон дар робита ба Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ гузориш нашр мекунанд. Ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ 28 июни соли 2012 таъсис дода шудааст.

 

АКС: Associated Press 

Март 20, 2022 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд