Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи марбут ба минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ дар Швейтсария иштирок намуд

Март 19, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон иборат аз кормандони масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ (сайд-ивент), ки доир ба масъалаи ҳифзи минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ дар ҳошияи иҷлосияи Мақоми ёрирасони Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария доир гардид, иштирок намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ ҳамчун самти асосии ҳифзи гуногунии биологӣ ба ҳадафу вазифаҳои «Барномаи глобалии ҳифзи гуногунии биологӣ то соли 2030» ворид карда шаванд. Дар иртибот  ба ин кишварҳои аъзои Конвенсия уҳдадор гардиданд, ки  ҳифзу истифодаи оқилонаи ин минтақаҳоро таъмин намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳон 36 мавзеи арзишнок ва минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ муайян карда шудаанд, ки ҳамчун макони зисти набототи нодиру камёфт ва намудҳои эндемикӣ муайян гардидаанд.

Ҳадди аққал дар онҳо 1500 намуди растаниҳои эндемикӣ мавҷуд буда, беш аз  аз 70 фоизи он флораву набототи аслии табиии худро гум кардаанд.

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Март 19, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд