Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи марбут ба минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ дар Швейтсария иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон иборат аз кормандони масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ (сайд-ивент), ки доир ба масъалаи ҳифзи минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ дар ҳошияи иҷлосияи Мақоми ёрирасони Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ дар шаҳри Женеваи Швейтсария доир гардид, иштирок намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ ҳамчун самти асосии ҳифзи гуногунии биологӣ ба ҳадафу вазифаҳои «Барномаи глобалии ҳифзи гуногунии биологӣ то соли 2030» ворид карда шаванд. Дар иртибот ба ин кишварҳои аъзои Конвенсия уҳдадор гардиданд, ки ҳифзу истифодаи оқилонаи ин минтақаҳоро таъмин намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаҳон 36 мавзеи арзишнок ва минтақаҳои калидии гуногунии биологӣ муайян карда шудаанд, ки ҳамчун макони зисти набототи нодиру камёфт ва намудҳои эндемикӣ муайян гардидаанд.
Ҳадди аққал дар онҳо 1500 намуди растаниҳои эндемикӣ мавҷуд буда, беш аз аз 70 фоизи он флораву набототи аслии табиии худро гум кардаанд.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






